Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович 12 майи соли 1963 дар маҳаллаи «Арабхона»-и шаҳри Конибодом, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №3 ба номи Чапаевро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиро ҳамчун коргари заводи консервабарории шаҳри Конибодом оғоз намудааст. Ӯ соли 1981 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1985 бо дпломи аъло хатм кардааст. Худи ҳамон сол фаъолияти худро дар мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.
Солҳои 1986 – 1992 Насрулло Маҳмудов ба сифати коромӯз, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум, прокурори шӯъбаи тафтишоти Прокуратураи вилояти Ленинобод кор кардааст.
Масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва маҳорати баланди касбии номзад Насрулло Маҳмудов барои пешбарӣ ба кори роҳбарикунандаи макқомоти прокуратура асос гардид ва соли 1993 ӯро муовини Прокурори шаҳри Исфара таъин намуданд. Солҳои 1997 – 1998 муовини якуми прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998 – 2002 сардори шӯъбаи назорати тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои Вазорати корҳои дохила ва Агентии назорати маводи нашъадори Прокуратураи вилояти Суғд кор кардааст.
Маҳз сатҳи дониши ҳуқуқӣ, ҷасорату меҳнатдӯстӣ ва қобилияти ташкилотчигии Насрулло Маҳмудов буд, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро соли 2002 ба вазифаи конститутсионӣ – Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин намуд. Аз соли 2007 то инҷониб вазифаи прокурори шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонро ба зима дорад.
Номзади арзандаи мо ба тарбияи насли наврас ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳиссагузорӣ намуда, ҳамчун муаллими калони кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ адои вазифа менамояд.
Насрулло Маҳмудов дорандаи рутбаи мушовири адлияи дараҷаи якум (полковники адлия), унвони «Корманди фахрии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Солҳои 2006 ва 2009 ӯро прокурори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида буданд. Насрулло Маҳмудов бо якчанд медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаи ҳокимияти маҳаллӣ мукофотонида шудааст. Оиладор ва соҳиби се фарзанд, ҳамсараш аз оилаи шахси шинохта Юнусҷон Ёдгоров буда, иқтисодчӣ мебошад.
Насрулло Маҳмудов имрӯз ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №19- и шаҳри Конибодом аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ӯ дар тамоми минтақаҳои кишвар кор кардааст ва медонад, ки мардуми кишвар имрӯз чӣ ҳолу аҳвол ва зиндагӣ доранд, дарду мушкилоти мардум барои ӯ бегона нестанд. Вай ҳамеша таъкид медорад, ки «Асоси пешравии мо – қонуният, адолат ва инсондӯстӣ» мебошад.
Нуқтаҳои асосии барномаи Насрулло Маҳмудов
1. Мусоидат ба амали кардани Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва дастурҳои сарвари он – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
2. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои манзилии шаҳрвандон ва дастрас будани манзил ба оилаҳои камбизоат дар таҳрири нав қабул кардани Кодекси манзили ҶТ.
3 Такмил додани қонунгузори оид ба оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, инчунин ҳатман ҷорӣ кардани Кодекси манзили ҶТ.
4 Баланд бардоштани нафақа ва кӯмакпулиҳо ба собиқадорон, маъюбон, инчунин таҳияи Конуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ичтимоии маъюбон».
5 Рушди минбаъдаи соҳаи маориф, илму фарҳанги техникӣ ба воситаи афзоиши маблағгузории соҳа, музди меҳнати омӯзгорон ва стипендияҳои донишҷӯён.
6 Пешравии соҳаи тандурустӣ зимни мусоидат ба маблағгузории сарикасии муассисаҳои тиббӣ, ривоҷ додани табби хусусӣ ва оилавӣ.
7 Таҳким бахшидан ба заминаи ҳуқукии фаъолияти озодонаи деҳқон ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ.
8 Андешидани чораҳо ҷиҳати дигаргунсозии сиёсати андозбандӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар.
9 Тақвият бахшидан ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус коррупсия, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин такмили фарҳанги ҳуқуқӣ, аз байн бурдани ихтилофи қонунҳо.
10 Дастгирӣ ва мусоидат кардан ба тараққиёти ичтимоӣ – иқтисодии шаҳри Конибодом.
Инро шумо бояд донед! Маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқии Насрулло Маҳмудов
1. Моликияти зану шавҳар моликияти умумӣ буда, бе ризоияти хатии якдигар хона, автомашина ва дигар амволи ғайриманқулро ҳуқуқи фурӯхтан, бегона кардан надоранд. (моддаи 304 Кодекси граждании ҶТ, моддаи 35 Кодекси оилаи ҶТ).
2. Ҳангоми ба талаботи сифат ҷавобгӯ набудани мол, фурӯшанда вазифадор аст онро фавран ё дар давоми 14 рӯз иваз намояд. (Моддаи 21 – и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмокунанда»).
3. Синну соли никоҳи 17 сола буда, бо қарори суд мумкин аст он то 1 сол (16 сола( кам карда шавад. (моддаи 13 Кодекси оилаи ҶТ).
4 Фарзанд бояд ҳатман таҳсилоти умумии асосӣ (9 сола) бигирад, ҳангоми монеъ шудан ба таҳсил шахси гунаҳкорро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин аст. (моддаи 164 Кодеекси граждании ҶТ).
5. Ҳангоми бастани аҳдҳо ба маблағи зиёда аз даҳ маоши ҳадди ақал (600 сомонӣ) ҳатман аҳд, аз ҷумла, шартномаи қарздиҳи бояд хаттӣ баста шавад. ( моддаҳои 186, 828, Кодекси граждании ҶТ).
6. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон то 1 моҳ буда, ба он бояд ҷавоб дода шавад. (Моддаи 12 Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»).
7. Ба синну соли нафақа расидан асос барои аз кор озод намудан шуда наметавонад. (моддаи 44-46, Кодекси меҳнати ҶТ).
8. Мӯҳлати умумии даъво бо баҳсҳои гражданӣ (аз ҷумла молумулкӣ) 3 сол муқаррар карда шудааст. (моддаи 221 Кодекси граждании ҶТ).
9. Музди маош дар ягон ҳолат аз ҳадди ақал (ҳозир 60 сомонӣ) кам буда наметавонад. Ҳангоми аз рӯи ғараз ва дигар манфиатҳои шахсӣ зиёда аз ду моҳ насупоридани маош, гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. (моддаи 153.1, Кодекси ҷитноятии ҶТ).
10. Нигоҳ доштани маблағи музди меҳнат барои иҷрои ӯҳдадориҳо (алимент, додани маблағи зарар) дар ҳама ҳолатҳо набояд аз 50% музди меҳнат зиёд бошад. (моддаи 146 Кодекси меҳнати ҶТ).
11. Зараре, ки бо амал (бе амал)-и ғайриқонунӣ ба шаҳрванд ва ё моликияти ӯ расонида шудааст, аз ҷониби заррарасонида дар ҳаҷми пурра барқарор карда мешавад. (моддаи 1079, Кодекси граждании ҶТ).
12. Дар интихобот ҳар як интихобкунанда худаш овоз медиҳад. Ба ҷойи дигар кас овоз додан мумкин нест. (моддаи 42, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ»).