Ҳар рафтору кирдори бадро подоше будааст. Ҳоло мехоҳам бароятон қиссаи зиндагии хешро, ки сар то по гуноҳолуда буд, нақл кунам.
Дар оғози зиндагии занушавҳарӣ назари ман ба зиндагӣ сабуксарона буд. Хушдомани ҳалиму беозоре доштам. Ҳеҷ гоҳ бо овози баланд сухан намегуфт ва хеле ботамкину нармгуфтор буд. Агар ягон рафтори нодурусти маро бо мулоиматӣ фаҳмонад, сахт оташин мешудаму ҷавоби дағал мегардонидам. Дар ивази дағалиҳоям ӯ хомӯшона ашк мерехту чизе намегуфт. Яъне бо ман баробар шудан намехост. Ҳатто ба шавҳарам дар ин бобат лаб намекушод. Дар дил хурсанд будам, ки ин кампирро тарсонда гирифтам. Фикр ҳам намекардам, ки ин зани солхӯрдаи зиндагидида барои вайрон нагаштани зиндагии писараш тамоми рафторҳои маро таҳаммул менамояд. Он замонҳо боре ҳам виҷдонам азоб намедод. Шавҳарам дар як корхонаи сердаромад кор мекарду ба қавле марди биёранда буд. Яхдони мо ҳамеша пур аз маҳсулот буд, аммо он дар долончаи хонаи ман меистоду хушдоманам наметавонист ҳар чизи дилхоҳашро гирифта хӯрад. Агар хоҳарони шавҳарам ба хабаргирии модарашон оянд, хушдоманам беқарор мегашт, назди ман меомад ва хоҳиш мекард, ки ягон ғизои болаззат бипазам. Аммо ман бардурӯғ набудани гӯштро баҳона карда чизе намепухтам ва ҳатто аз хонаам намебаромадам. Хушдомани худораҳматиам бо оби чашми резон духтаронашро бо як чою нони хушк гусел мекард, ё ба духтарчаи ҳамсоя пул дода, барои харидани тухм равон мекард. Бечора кампир ҳатто ба духтаронаш сир намедод, ҳарчанд онҳо рамуз мегирифтанду аз ӯ пурсон мешуданд. Тарзе вонамуд мекард, ки гӯё ҳеҷ гап нашудааст. Ин рафторҳои боодобонаи хушдоманам ҳатто ғаши маро меовард. Ман хоҳони ҷагу мағал будам. Бисёр мехостам, ки ӯ бо ман ягон ҷавоби дағале гӯяду ҷангҷолро хезонам ва ӯ қаҳр карда ба хонаи писари хурдиаш, ки дар ҳавлии алоҳида мезист, равад. Аммо ҳеҷ ба орзуи дилам намерасидам. Зани додаршӯям, ки худ ғайримусулмон буд, хушдоманамро хеле зиёд эҳтиром менамуд ва ҳарчанд хоҳиш дошт, ки кампирро бо худ бибарад, аммо кампир ба тамоми таҳқирҳои ман тоб меоварду ба ҳеҷ куҷо намерафт. «Ин хонаю дар аз шавҳарам мерос мондааст, рӯҳи мӯйсафед ноором мешавад», гӯён ҳамаро тоқат мекард. Фарзандони маро ниҳоят дӯст медошт. Агар ба пояшон хоре халад, зиёдтар аз ман ғам мехӯрд. Аммо ҳеҷ наметавонистам чунин хислатҳои ӯро қадр кунам.
Бо ҳамин минвол рӯзҳо гузарону зиндагии мо идома дошт. Дар ин миён додаршӯям бо зани русаш ҷудо шуда, ба ҳавлии мо баргашт. Он чизе ки ман сахт муқобилаш будам, ба амал омад. Чорае меҷустам, то аз ӯ халос шавам. Худам намедонистам чӣ тавр аз хушдоманам халос шавам, боз инаш зиёдатӣ буд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ боз як бевазанеро никоҳ карда, ба ҳавлӣ овард. Ман ин ҳолатро дида қариб буд дилкаф шавам. Шабу рӯз фикр мекардам, ки бо кадом роҳ онҳоро аз ҳавлӣ берун кунам. Ниҳоят рӯзе як фикр дар сарам омад…
Боре хушдоманам бо зани додаршӯям ба маъракае рафтанд. Дар ҳавлӣ танҳо ман мондаму додаршӯям. Ӯ дар байни ҷӯякҳои помидор ҷумбуҷӯл менамуд. Фурсати муносибе буд барои амалӣ гардонидани ниятҳоям. Рост ба назди ӯ рафтаму дар рӯ ба рӯяш қарор гирифтам.
- Ҳа, соҳибмулк, мегӯӣ, ки дар полизи бобоят гашта бошӣ, – ду дастам дар миён ба ҷанг оғоз намудам.
- Замини бобоям набуда аз они бобои ту буд? – ҷавоб гардонд ӯ бепарвоёна.
-Ба хубӣ аз ин ҳавлӣ дафъ шав, ки тобу тоқати дидани туву занатро надорам!
-Барои ман фикри ту муҳим нест, ман ба ҳавлии меросии падарам, ки ҳаққи ҳалоли ман ҳам мебошад, омадам, – бо ҳамон мулоиматӣ ҷавоб гардонид ӯ.
Дидам, ки ҳеҷ илоҷи ҷангу хархаша нест аз ҳарду гиребони костумаш гирифта, худро ба даруни ҷӯяк партофтаму ӯро бо тамоми қувват ба сӯйи худ кашидам ва бо фарёди ҷонхарош мардумро ба ёрӣ даъват намудам. Ӯ якбора мувозинаташро гум кард ва аз ҳайронӣ намедонист чӣ кор кунад. То он даме, ки панҷ-шаш ҳамсоя давида омаданд, ӯ аз ҷойи худ хеста натавонист. Ҳарчанд кӯшиш намояд ҳам, ман ӯро муддате нигоҳ доштам ва ҳамоно доду бедод мекардам, ки «Мардум, ёрӣ диҳед, ин бехудо андешаи бародари худро надоштааст, маро аз дасти ӯ халос кунед!». Ҳамсояҳо давида омада, ӯро аз болои ман бардоштанду маломаташ намуданд. Ӯ дасту по хӯрда буд ва чунин корро ҳаргиз умедвор набуд ва натавонист ба таънаҳои ҳангоматалабонаи мардум ҷавобе гӯяд. Танҳо «Ин занаки беимон тӯҳмат мекунад, тӯҳмат аст ин!» мегуфт ба такрору халос.
- Э садқаи инсонигарӣ шавӣ! Вақте ки туро дар болои занак дидем, боз мегӯӣ, ки тӯҳмат. Ба номи мардӣ доғ овардӣ. Боз дар рӯзи равшан-а! -гӯён ҳама бо нафрат аз ҳавлӣ баромада рафтанд.
Додари шавҳарам:
- Э занаки беандеша, то ин дараҷа инсони паст буданатро намедонистам. Шаъни як касро беҳуда шикастан гуноҳи азим аст. Илоҳо дигар ҳаргиз рӯзи хушро набинӣ, – гуфта баромада рафт.
Ман бошам, хурсандӣ мекардам, ки аз як меросхӯри дигар халос шудам. Хушдоманам аз воқеа огоҳ гардида, аз ғуссаи зиёд бистарӣ гашт. То рӯзи маргаш маро набахшид. Дар дами марг буд, ки бо далолати хешовандон ба назди бистараш рафта, омурзиш мехостам. Ӯ рӯяшро тарафи девор гардонду маро дидан нахост. То лаҳзаи вопасини умраш аз ман норизо буд ва бахшида натавонист. Маро аз ин кор он замон парвое набуд. Аммо…
Фасли ҷавонӣ гузашт. Фарзандонам ба воя расиданд. Духтари калониам , ки дар синфи 10 мехонд, рӯзе аз мактаб омаду бо сабаби то ҳол ба ман номаълум сирко хӯрда, худро аз ҳаёт маҳрум намуд. Меҳри фарзанди нахустин дар дили ҳар як модар ҷойи алоҳида дорад. Ман ҳам баъд аз он мехостам бимирам, зеро дунё дар назарам торик гашта буд. Муддати се сол дар мотами ӯ нишастам. Духтари дуюмамро ба шавҳар додаму пас аз муддати кӯтоҳе бо хушдоманаш муросо карда натавониста, оилааш вайрон шуд. Вай аз рафторҳои нисбат ба хушдоманам доштаи ман рамуз гирифта, хостааст бо оилаи шавҳараш эркагӣ кунад. Аммо мисли хушдомани ман чунин инсони фариштахӯ ва бомуросо шояд дигар дар рӯи олам набошад. Пас аз ин духтари хоҳарамро бо орзу ҳаваси зиёд келин кардаму ӯ бокира набаромад. Дар байни мардум шарманда гаштам. Кош бегона мебуд. Дигар сарам ягон рӯз бе ғурбат нест. Ҳамааи ҷазоҳои қисмат бароям аз рафторҳои беақлонаи давраи ҷавониам буданду дигар наметавонистам чархи зиндагиро ба қафо гардонам ва хатоҳои дар ғафлат кардаи хешро ислоҳ намоям. Ман аз рӯҳи бузурги хушдоманам узр пурсиданиам, то ки аз ғаму ғусса раҳо шавам. Аммо магар ин имконпазир аст? Медонам, ки аз нолаҳои ман ва рози диламро навиштанам суде нест. Аммо мехоҳам ба он нафароне, ки имрӯз ба зиндагии мустақилона қадам мениҳанд, ҳушдор диҳам, ки ҳурмати калонсолонро ба ҷо оранд. Фасли ҷавонӣ зудгузар аст ва дар тирамоҳи умр инсон барои тамоми рафторҳои баду беандешагиҳояш ҷавоб мегуфтааст.